Май 05, 2024 18:57 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Ҳолеви ба шикаст аз муқовимати Фаластин
    Эътирофи Ҳолеви ба шикаст аз муқовимати Фаластин

Раиси ситоди кулли артиши режими ҷаълии Исроил ба шикаст аз муқовимати Фаластин дар амалиёти “Тӯфони Алақсо” эътироф кард.

Рӯзномаи “Ҷерузалим пост”, чопи Исроил рӯзи якшанбе бо ишора ба номаи Ҳертзи Ҳолеви, раиси Ситоди кулли артиши режими саҳюнистӣ хитоб ба саҳюнистҳо мабнӣ бар эътироф ба шикаст аз муқовимати Фаластин, навишт: Саҳюнистҳо Ҳолевиро ба хотири таҳмили бузургтарин шикасти низомии таърих ба Исроил ва ба унвони касе ки натавонист шикастро ба пирӯзӣ табдил кунад, ба ёд хоҳанд овард.

Пас аз истеъфои Ҳолеви, бисёре аз гузоришҳову таҳлилҳои расонаҳои режими саҳюнистӣ ҳокӣ аз он аст, ки шумори зиёде аз раисону фармондеҳони артишу дигар мақомоти ин режим аз симати худ истеъфо хоҳанд кард.

Яҳудо Фокс, фармондеҳи минтақаи марказии артиши режими ҷаълии Исроил низ ба раиси Ситоди муштараки артиши ин режим иттилоъ дода, ки то августи имсол аз симати худ истеъфо хоҳад кард.

 

Барчасп