Май 16, 2024 10:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати 12 саҳюнист ба дасти муборизони фаластинӣ
    Ҳалокати 12 саҳюнист ба дасти муборизони фаластинӣ

Муқовимати Фаластин аз ҳамалоти густардаи худ ба низомиёни артиши режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ваҳалокати дасти кам 12 нафар аз онҳо дар амалиёти таркиби дар урдӯгоҳи Ҷабалиа дар шимоли ин минтақа хабар дод .

Ба гузориши пойгоҳ Ню Пресс , гардонҳои шаҳиди Izz ad-Din al-Qassam шохаи низомии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) дар баёнияе эълом кард , муборизони фаластинӣ бо ракету бомб махфигоҳи низомиёни режими саҳюнистиро дар урдӯгоҳи Ҷабалиа ҳадаф қарор доданд ки дасти кам 12 низомиёни ин режим кушта шуданд .

Дар ҳамин росто , гардонҳои Абӯалии Мустафи дигар гурӯҳи муқовимати Фаластин низ аз ҳамлаи ракетӣ ба неруҳои ишғолгар дар шарқи урдӯгоҳи Ҷабалиа хабар дод .

Гуруҳи типи Носир Салоҳиддин низ эълом кард ки тайи як амалиёти муштарак бо гардонҳои Ал-Қассам як нафарбари артиши саҳюнистиро ба василаи бомби часбанда мунфаҷир кард ва сарнишинони он кӯшта ё захмӣ шуданд .

Ин гуруҳ дар баёнияи дигарӣ эълом кард ки дар як амалиёти муштарак богардонҳои Қудс шохаи низомии ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин шаҳраки саҳюнистнишин Сдерот дар атрофи борикаи Ғаззаро бо 2 ракети 107 ҳадаф қарор додааст .

Барчасп