Май 31, 2024 21:14 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамлаи Амрико ва Британия ба Яманро маҳкум кард
    Эрон ҳамлаи Амрико ва Британия ба Яманро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон зимни маҳкум кардани ҳамалоти Амрико ва Британия ба манотиқе дар шаҳрҳои Санъо ва Алҳудайдаи Яман гуфт: Давлатҳои мутаҷовиз масъули паёмадҳои ин ҷиноёт зидди мардуми Яман ҳастанд.

Эътилофи Амрико ва Британия дишаб (панҷшанбешаб) ба Санъо - пойтахти Яман ва устони Алҳудайда дар ғарби ин кишвар ҳамла карданд, ки дар ин ҳамалот 16 нафар кушта ва беш аз 30 нафар захмӣ шуданд.

Дар ин ҳамла сохтмони радио дар шаҳристони Алҳавак, дар ҷануби шаҳри соҳилӣ дар ғарби Яман ҳадаф қарор гирифта шуд.

Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон имрӯз – ҷумъа, ҳамлаи мутаҷовизонаи Амрико ва Британия ба Яман ва ҳадаф қарор додани ғайринизомиён, ҳамзамон бо идомаи ҳимояти ин ду кишвар аз истимрори ҷиноёти ҷангӣ ва наслкушии режими саҳюнистӣ зидди борикаи Ғазза, бо ҳадафи густариши ноамнӣ дар минтақа ва мамониат аз ҳимояти шарофатмандонаи мардуму давлати Наҷоти миллии Яман аз миллати мазлуми Фаластин сурат мегирад.

Канъонӣ кушта шудани ҷамъе аз шаҳрвандони яманӣ дар натиҷаи ин ҳамалоти ноҷавонмардонаро ба давлати Наҷоти миллӣ ва миллати Яман ва хонаводаҳои онон таслият гуфт.

 

Барчасп