Номаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба донишҷӯёни бовиҷдони ҳомии мардуми Фаластин дар донишгоҳҳои Амрико
(last modified 2024-05-30T05:58:31+00:00 )
Май 30, 2024 10:58 Asia/Dushanbe
  • Номаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба донишҷӯёни бовиҷдони ҳомии мардуми Фаластин дар донишгоҳҳои Амрико
    Номаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба донишҷӯёни бовиҷдони ҳомии мардуми Фаластин дар донишгоҳҳои Амрико

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ , зимни ибрози ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ бо эътирозоти зиддисаҳюнистии донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико , ононро бахше аз ҷабҳа муқовимат донистанд .

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ , ҳазрати Оятуллоҳи Хоминаӣ дар номае хитоб ба донишҷӯёни бовиҷдони ҳомии мардуми Фаластин бо ишора ба тағйири вазъияту сарнавишти минтақаи ҳассоси ғарби Осиё , бар варақ хӯрдани таърихи ҷаҳон таъкӣд карданд .

Дар матни номаи ҳазрати Оятуллоҳи Хоминаӣ хитоб ба донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико омадааст , шумо акнӯн бахше аз ҷабҳаӣ муқовиматро ташкил додаед ва дар зери фишор бераҳмонаи давлататон , ки ошкоро аз режими ғосиб ва бераҳми саҳюнист дифо мекунад , муборизаи шарофатмандонаро оғоз кардаед. 

Ҳазрати Оятиуллоҳи Хоминаӣ бо баёни инки донишҷӯёни Амрикоӣ акнӯн дар тарафи дурусти таърих , ки дар ҳоли варақ хӯрдан аст истодаанд , фармуданд : Ҷабҳаӣ бузурги муқовимат дар нуқтаи дур , бо ҳамин идроку эҳсосоти имрӯзи шумо , солҳо аст мубориза мекунад .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳадафи ин муборизаро таваққуфи зулм ошкоре хонд ки як шабак ӣ террурист ва бераҳм ба ном “ саҳюнистҳо “ , аз солҳо пеш бар миллати Фаластин ворид сохта ва пас аз тасарруфи кишварашон , онҳоро зери сахттарин фишорҳо ва шиканҷаҳо гузошта ва наслкушии имрӯзи режими саҳюнистӣ низ , идомаӣ рафтори башиддати золимона дар даҳҳо соли гузашта аст .

Ҳазрати Оятуллоҳи Хоминаӣ гуфтанд , Фаластин як сарзамини мустақил бо миллати муташаккил аз мусулмону масеҳӣ ва яҳудӣ , ва бо собиқаи  торихии тулонӣ аст ва сармоядорони шабакаӣ саҳюнистӣ пас аз ҷанги ҷаҳонӣ , бо кумаки давлати Англис , чанд ҳазор террористро ба тадриҷ вориди ин сарзамин карданд ; Ба шаҳрҳо ва рӯстоҳои он ҳуҷуми бурданд ; Даҳҳо ҳазор нафарро киштанд ё ба кишварҳои ҳамсояи ронданд ; Хонаҳо ва бозорҳо ва мазраъаҳоро аз дасти онон берун кашиданд , ва дар сарзамини ғасб шудаӣ Фаластин , давлате ба номи Исроил ташкил доданд .

Ишон , бузургтарин ҳомии режими ғосиби Исроил , пас аз нахустин кумакҳои англис , давлати Амрико донистанд ки бо пуштибониҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва таслеҳотӣ аз он режимро яксара идома дода ва ҳатто бо бе эҳтиётии ғайри қобили бахшиш , роҳ барои тавлиди силоҳои ҳастаиро ба рӯй ӯ гушуда ва ба ӯ дар ин роҳ кумак карда аст . Ҳазрати Оятуллоҳи Хоминаӣ афзӯданд : Давлати Амрико ва шуракояш , ҳатто аз як ахм дар баробари ин тероризми давлатӣ ва зулми мустамар , дареғ карданд ; Имрӯзи ҳам бархе изҳороти давлати Амрико дар қиболи ҷинояти ҳавлноки Ғазза беш аз ончӣ воқеъи бошад , риёкорона аст .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ фармуданд : “ Ҷабҳаӣ муқовимат “ аз дили ин фазои торику яъсолуд сар баровард ва ташкили давлат “ Ҷумҳурии исломӣ “ дар Эрон , онро густариш ва тавоноӣ дод .

Раҳбари муаззами инқилоби исломии хитоб ба донишҷӯёни амрикоӣ таъкид карданд : Сарнавишти дигарӣ дар интизори минтақаӣ ҳассоси ғарби Осиё аст ва бисёре аз виҷдонҳо дар миқёси ҷаҳонӣ бедор шуда ва ҳақиқат дар ҳоли ошкор шудан аст ; Ҷабҳаи муқовимат ҳам нерӯманд шуда ва нерӯмандтар хоҳад шуд . Таърихи ҳам дар ҳоли варақ хӯрдан аст .

Барчасп