Далели шикасти роҳбурди Амрико дар баробари Эрон чист?/ таҳлиле аз нависандаи Вашингтон пост
(last modified 2024-08-17T11:31:22+00:00 )
Август 17, 2024 16:31 Asia/Dushanbe
  • Далели шикасти роҳбурди Амрико дар баробари Эрон чист?/ таҳлиле аз нависандаи Вашингтон пост

Пажӯҳишгари донишгоҳи Брандейса дар мутолиае ба ин натиҷа мерасад, ки режими таҳримҳои густаришёфтаи Амрико алайҳи Эрон, асароти маъкуси бар табақаи мутавассити Эрон доштааст.

Фарид Закариё-таҳлилгар ва рӯзноманависи машҳури амрикоӣ дар ёддоште дар рӯзномаи Вашингтон пост бо унвони «Рӯйкарди шикастхӯрдаи Амрико дар қиболи Эронро воқеан наметавон як стратегия номид» ба баррасӣ ва таҳлили далоили шикасти роҳбари Амрико дар баробари Эрон пардохт.

 Ба гузориши Порстудей, ӯ дар ин ёддошт ба ин нукта ишора кард, ки сиёсатҳои Вашингтон дар қиболи Эрон ба ҷойи як стратегияи ҳамбаста бештар ба як нигариши устувор бар фишори ҳаддиаксарӣ табдил шудааст. Дар идома гузидае аз ин таҳлилро мехонед:

 Роҳбурди Амрико дар баробари Эрон дар солҳои ахир ба вузӯҳ шикаст хӯрдааст. Ин шикаст ношӣ аз сиёсате аст, ки ба ҷойи доштани як стратегияи мунсаҷим бар фишори ҳаддиаксарӣ тамаркуз кардааст. Аз замони хурӯҷи Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико аз тавофуқи ҳастаии Эрон дар моҳи майи 2018, Иёлоти муттаҳида сиёсати "фишори ҳаддиаксари"ро алайҳи Эрон думбол кардааст. Теъдоди таҳримҳои эҷодшуда алайҳи Эрон аз 370 маврид дар замони Борак Обама ба беш аз 1500 маврид дар даврони Трамп афзоиш ёфт ва Эрон ба кишвари бо бештарин теъдоди таҳрим дар ҷаҳон табдил шуд. Дар ҳоле, ки дигар шарикони музокироти тавофуқи ҳастаӣ — қудратҳои аврупоӣ, Русия ва Чин — бо ин сиёсат мухолифат карданд, Иёлоти муттаҳида бо истифода аз таҳримҳои баъдӣ ин кишварҳоро амалан аз тиҷорат бо Эрон боз дошт.

 Аммо натиҷаи ин сиёсат чӣ буд? Эрон, ки аз маҳдудиятҳои тавофуқи ҳастаӣ озод шуда буд, барномаи ҳастаӣ худро ба шиддат тавсеа дод. Ба гуфтаи Ожонси байналмиллалии энергияи атомӣ акнун Эрон 30 баробар бештар аз ҳадди тавофуқ урани ғанишуда дорад. Тавофуқи ҳастаӣ замони Эрон барои тавлиди сӯхти ҳастаии мавриди ниёз барои сохти силоҳро ба як сол афзоиш дода буд, аммо Антони Бленкин, вазири хориҷаи Амрико моҳи гузашта эълом кард, ки Эрон танҳо як то ду ҳафта то расидан ба тавоноии сохти силоҳи ҳастаӣ фосила дорад.

 Аз сӯи дигар Эрон ба фишорҳои хориҷӣ бо тақвияти равобити худ бо гурӯҳҳои минтақаӣ вокуниш нишон дод. Ин гурӯҳҳо шомили Ҳизбуллоҳ дар Лубнон, Ҳамос дар Ѓазза, ҳавсиҳо дар Яман ва неруҳои муқовимати ироқӣ ва сурӣ ҳастанд. Ин "меҳвари муқовимат" Исроилро вориди тӯлонитарин ва пурмухотаратарин ҷанги худ дар даҳаҳои ахир кардааст, Тараддуди ҳудуди 70 дарсад аз киштиҳо ба мақсади режими Исроил дар баҳри Сурхро мухтал карда ва Ироқ ва Сурияро ба кишварҳои ҳамроҳ бо худ табдил кардааст. Аз ҳар паҳлуе, ки нигоҳ кунем, сиёсати Вашингтон дар қиболи Эрон шикаст хӯрдааст.

 Далели муваффақият надоштани фишори ҳаддиаксари чист? Ҳодӣ Коҳилзода, пажӯҳишгари донишгоҳи Брандейса дар мутолиае ба ин натиҷа мерасад, ки режими таҳримҳои густаришёфта асароти бараксе бар табақаи мутавассити Эрон доштааст. Ин таҳримҳо боис шудаанд, ки табақаи мутавассит эътимоди худро ба сиёсатмадороне, ки аз даври ҷадиди дипломосӣ ҳимоят мекарданд, аз даст бидиҳанд. Аз сӯи дигар ҷараёни муқобил дар Эрон хурӯҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаиро далеле бар ҳаққонияти худ дониста ва ин музокиротро аз ибтидо беэътибор донистаанд. Ин мавзӯъ боис шуд, ки битавонанд дарҳои худро ба рӯйи сармоягузорони чинӣ боз кунанд ва аз манофеъи тиҷории вафодор ба худ барои пур кардан халои эҷодшуда истифода кунанд.

 Ҳатто раисҷумҳури ислоҳталабе монанди Масъуди Пизишкиён низ ҳамроҳ бо ниҳодҳои мазҳабӣ ва низомӣ шудааст, ки қудрати воқеиро дар даст доранд.

 Дар ниҳоят ин ҳақиқат, ки Вашингтон дар баробари Эрон танҳо рӯйкарди устувор бар мухолифат ва фишор дошта ва бестратегияи мунсаҷим будааст, натиҷае ҷуз шикаст надоштааст. Ба ҷойи тамаркуз бар рӯй абзорҳои фишор Амрико ва муттаҳидонаш ниёз ба тарроҳии сиёсате доранд, ки вуҷуди Ҷумҳурии Исломии Эронро ба унвони воқеияте пазируфта ва ангезаҳое барои коҳиши танишҳо фароҳам кунад. Ин иқдом мумкин аст мунҷар ба эҷоди танишздоӣ нашавад, аммо метавонад аз вуқӯъи ҷанги тӯлонӣ ва хунин дар ин минтақаи нопойдор ҷилавгирӣ кунад.

 

 

 

Барчасп