Май 31, 2024 18:27 Asia/Dushanbe
  • Як дақиқа сукут дар СММ ба эҳтироми шаҳидони сониҳаи ҳавоӣ дар Эрон
    Як дақиқа сукут дар СММ ба эҳтироми шаҳидони сониҳаи ҳавоӣ дар Эрон

Сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бо қадрдонӣ аз ибрози ҳамдардии кишварҳои мухталифи ҷаҳон пас аз сониҳаи суқути болгарди ҳомили раисиҷумҳури Эрон ва дигар ҳамроҳонаш гуфт, ин ҳамдардӣ баёнгари ишқу эҳтиром ба мардуми Эрон ва қурбониёни ҳодисаи талхи суқути болгард аст.

Маросими ёдбуди шаҳидон Сайид Иброҳими Раисӣ, раисиҷумҳурӣ ва Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ва соири шуҳадои сониҳаи ҳавоии суқути болгарди эронӣ рӯзи панҷшанбе аз сӯи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк баргузор шуд ва ҳозирон дар ин ниҳоди байналмилалӣ муҷаддадан як дақиқа ба эҳтироми шуҳадои ин сониҳа сукут карданд.

Амир Саиди Еравонӣ, сафиру намояндаи доими Эрон назди Созмони Милал дар нишасти Маҷмаи умумии ин ниҳоди байналмилалӣ барои гиромидошти ёду хотираи шуҳадои давлати Эрон, ба намояндагӣ аз давлату мардуми Эрон аз ҳамаи ҳозирон бобати баргузории ин нишаст ҷиҳати адои эҳтирому гиромидошти ёду хотираи ин азизон қадрдонӣ кард.

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ дар маросими ёдбуди раисиҷумҳури фақиду вазири умури хориҷаи Эрон ва соири шуҳадои сониҳаи болгард, шаҳодати онҳоро таслият гуфт ва баён дошт: Сайид Иброҳими Раисӣ Эронро дар бурҳае чолишбарангез барои кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҳидоят кард.

 

Барчасп