Май 05, 2024 12:22 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ва каронаи бохтарӣ
    Идомаи ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ва каронаи бохтарӣ

Ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ва карона бохтарӣ руди Урдун ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз як шанбе урдугоҳҳои Албариҷ ва Алмағозӣ дар марказ ва ҷануби маҳаллаи Алзитун дар шарқи борикаи Ғарра , ҳамчунин Диролбалҳ ва маҳаллаи Ассалом дар шарқи Рафаҳ дар ҷануби Ғаззаро бомбаборон карданд .

Низомиёни ишғолгари режими саҳюнистӣ ба шаҳраки Байти Амр дар шимоли Алхалил воқеъ дар каронаи бохтарии ҳам юриши бурданд .

Ҷавонони фаластинӣ низ бо низомиёни ишғолгари исроилӣ дар шаҳраки Байти Фурик дар шарқи Наблос даргир шуданд .

Дар ҳамалоти мустамари артиши режими саҳюнистӣ ба борӣкаи ғазза аз 7 октябри соли гузашта токунун 34 ҳазору 654 фаластини шаҳид ва 77 ҳазору 908 нафар маҷруҳ шуданд.

Барчасп