Иҷрои 90 дарсадии нақшаи даъват ба хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i114418-Иҷрои_90_дарсадии_нақшаи_даъват_ба_хидмати_сарбозӣ_дар_Тоҷикистон
Нақшаи даъват ба хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон 90 дарсад иҷро шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 18, 2024 10:58 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои 90 дарсадии нақшаи даъват ба хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон

Нақшаи даъват ба хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон 90 дарсад иҷро шудааст.

Ба гузориши Азия-Плюс, вилояти Суғд камтарин нишондодро анҷом дода ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ пеш аз Суғд қарор доранд..

Ин нақша дар вилоятҳои Хатлон, Бадахшон ва шаҳри душанбе 100 дарсад, Суғд 67 дарсад ва 88 дарсад дар шаҳрҳо ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ иҷро шудааст. Ҳамчунин дар 47 шаҳр ва минтақаи кишвар аз поёни ин рӯйдоди муҳимми сиёсӣ ё иҷрои комили нақшаи ҷазби ҷавонон дар радаҳои неруҳои мусаллаҳ хабар доданд.

 Дар Тоҷикистон ҷавонони 18 то 27 сола дар ду фасли  баҳор ва поиз  барои хидмат дар артиш даъват мешаванд.

 Ҷавонони тоҷик метавонанд бо пардохти маблағ хидмати сарбозиро бихаранд.