Муҳаммад, дувумин номи писандида дар Бритониё
Номи Паёмбари гиромии Ислом дар ҳоле ба дувумин номи навзодони бритониёӣ табдил шудааст, ки мусулмонон фақат шашу ним дарсади ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд.
Ба гузориши рӯзи шанбеи рӯзномаи Дели Мейл, Идораи омори Бритониё эълом кард номи Муҳаммад дувумин номи навзодони писар буда, ки дар соли 2022 мутаваллид шудаанд.
Даҳ сол қабл аз он, яъне дар соли 2012 номи Муҳаммад аз назари фаровонии номи навзодон дар радаи бистум ва дар соли 1996 дар рутбаи яксаду ҳаштум қарор дошт.
Бар асоси ин гузориш, номи Муҳаммад ба суратҳои мутафовите дар Бритониё навишта шуда ва ин рутбаи дувум фақат марбут ба яке аз навъҳои навиштани он аст. Бақия шаклҳои навиштани ин ном ҳам дар миёни номи навзодоне, ки дар соли 2022 мутаваллид шудаанд, дар рутбаҳои баъдии фаровонӣ қарор доранд.
Маҳбубияти номи Паёмбари Ислом дар кишварҳои аврупоӣ дар ҳоле рӯ ба афзоиш аст, ки сиёсатҳои шикастхӯрдаи Ғарб дар ростои исломҳаросӣ ва нишон додани чеҳраи хашин аз ҷамъияти мусулмонон аст.