Сармоягузории Чин дар Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон
Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ҳамкорӣ бо ширкатҳои чиниро тақвият мекунад
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар,муовини раиси Донишгоҳ давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи Садруддин Айнӣ дар умури равобити байналмилал бо Тонг Ҷинг, раиси утоқи бозаргонии ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор раиси утоқи бозаргонии ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон бо ибрози онки ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи Садруддин Айнӣ алоқаи вежа доранд, гуфт: Утоқи бозаргонии ҷумҳурии халқии Чин омодагӣ дорад сармоягузории ширкатҳоро дар фаъолиятҳои ин донишгоҳ афзоиш диҳад.
Дар ин дидор тарафҳо дар хусуси фаъолиятҳои муассири мутақобил сӯҳбат ва омодагии худро барои ҳамкориҳои дуҷониба судманд эълом карданд.
Раиси утоқи бозаргонии ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон пешниҳод кард, ки омодагӣ дорад таҷҳизоти фаннӣ, дарсҳои забон ва дигар лавозимро барои афзоиши сатҳи сифати омӯзиши донишҷуён дар ихтиёри донишгоҳ қарор диҳад.