Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ : Муқовимат, ҳуввияти мумтози Сурия аст
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ , муқовиматро ҳуввияти мумтози Сурия донистанд ва гуфтанд: Ҷойгоҳи вежаи Сурия дар минтақа низ ба далели ҳамин ҳуввияти мумтоз аст ва ин вежагии муҳим бояд маҳфуз бимонад.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи панҷшанбе дар дидори Башор Асад-раисҷумҳури Сурия ва ҳайати ҳамроҳаш, тақвияти иртибототи Эрон ва Сурияро аз лиҳози инки ду кишвар аз аркони меҳвари муқовимат ҳастанд, муҳим арзёбӣ карданд ва гуфтанд: Ҳуввияти мумтози Сурия, ки ҳамон муқовимат аст, аз даврони марҳум Ҳофиз Асад ва бо поягузории "Ҷабҳаи муқовимат ва истодагӣ" шакл гирифт ва ин ҳуввият ҳамвора ба ваҳдати миллии Сурия низ кумак кардааст.
Ишон бо таъкид бар лузуми маҳфуз мондани ин ҳуввият афзуданд: Ғарбиҳо ва думболаҳои онҳо дар минтақа қасд доштанд бо ҷанге, ки зидди Сурия ба роҳ андохтанд, низоми сиёсии ин кишварро соқит ва Сурияро аз муодилоти минтақа ҳазф кунанд, аммо муваффақ нашуданд ва инак низ қасд доранд бо шеваҳои дигар ва аз ҷумла ваъдаҳое, ки ҳеҷ гоҳ ба онҳо амал нахоҳанд кард, Сурияро аз муодилоти минтақа хориҷ кунанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба фишорҳои сиёсӣ ва иқтисодии Амрико ва Аврупо ба Эрон ва Сурия ишора карданд ва гуфтанд: Бояд бо афзоиши ҳамкориҳо ва муназзам кардани он, аз ин шароит убур кард.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо интиқод аз мавозеъ ва беамалии бархе кишварҳои минтақа дар қиболи мавзӯъи Ғазза, ба нишасти ахири сарони араб дар Манома ишора карданд ва афзуданд: Дар ин нишаст кӯтоҳиҳои зиёде дар қиболи Фаластин ва Ғазза шуд, аммо бархе кишварҳо низ хуб амал карданд.
Башор Асад-раисҷумҳури Сурия низ бо ибрози тасалият ба Раҳбари муаззами инқилоб ва давлат ва миллати Эрон, хитоб ба ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: Равобити Эрон ва Сурия як равобити роҳбурдӣ аст, ки таҳти ҳидоятҳои ҷаноби олӣ ба пеш меравад ва дар садри иҷрои ин ҳидоятҳо, шаҳидон Сайид Иброҳим Раисӣ-раисҷумҳурӣ ва Ҳусайн Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон буданд.
Раисҷумҳури Сурия ҳамчунин шаҳид Раисиро мисдоқи боризи мавозеъ ва шиорҳои инқилоби исломӣ хонд ва бо ишора ба мавзӯъи муқовимат дар минтақа гуфт: Баъд аз гузашти беш аз 50 сол, хатти муқовимат дар минтақа пешрафт карда ва акнун ба як рӯйкарди эътиқодӣ ва сиёсӣ табдил шудааст.
Башор Асад бо таъкид бар инки ҳазинаи муқовимат камтар аз ҳазинаи созиш аст, тасреҳ кард: Қазияҳои ахири Ғазза ва пирӯзиҳои муқовимат ин мавзӯъро барои мардуми минтақа исбот кард ва нишон дод, ки муқовимат як асл аст.
Раисҷумҳури Сурия ҳамчунин аз Раҳбари муаззами инқилоб ба далели нақши бориз ва муҳим дар ҳимоят аз муқовимат дар минтақа ва ҳамчунин ба далели ҳимоят аз Сурия дар ҳама заминаҳо, қадрдонӣ кард.