Май 05, 2024 18:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Русия ба пойгоҳи террористҳо
    Ҳамлаи Русия ба пойгоҳи террористҳо

Вазорати дифои Русия аз нобудии 2 пойгоҳи террористҳо дар ғарби Сурия хабар дод.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи Ирна, Вазорати дифои Русия дар баёнияе эълом кард, неруи ҳавоии ин кишвар 2 пойгоҳи террористҳое, ки минтақаи “Ат-Танф” дар марзи Сурия бо Ироқу Урдунро тарк карда ва дар минтақаи саъбулубури атрофи шарқии устони Ҳумс, ғарби Сурия ва минтақаи Алумури ин устон пинҳон шуда буданд, мунҳадим кард.

Дар ин баёния омадааст, дар минтақаи Ат-танф рӯзона 9 мавриди нақзи ҳарими ҳавоӣ тавассути ҷангандаҳои Ф - 15, Тайфун ва ҳавопаймоҳои иттилоотӣ аз навъи МС -12 даблю, ки ҳамагӣ мутааллиқ ба Эътилофи амрикоии мавсум ба зидди ДИИШ ҳастанд, сабт шудааст.

 

Барчасп