Ноябр 10, 2020 13:21 Asia/Dushanbe
  • Баҳманёр дар солҳои ахир романи \
    Баҳманёр дар солҳои ахир романи \"Шоҳаншоҳ\"-ро мунташир карддаст

Баҳманёр Аминӣ, адиби машҳури тоҷик дар синни 66 солагӣ дар хонааш дар шаҳри Душанбе чашм аз ҷаҳони хокӣ фурубаст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷикистон, Исфандиёр Аминӣ фарзанди ин адиби тоҷик гуфтааст, ки падараш бемор набуда ва бидуни дарду ранҷ ҳангоми хоб даргузаштааст.

Баҳманёр дар адабиёти тоҷик ба унвони нависандаи навгаро бо романи "Сармаддеҳ" шуҳрат ёфтааст, ки нигорише бисёр ҷаззоб дорад ва ба забонҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷумла русӣ ва англисӣ тарҷума ва ба хатти форсӣ низ мунташир шудааст.

Романи Сармаддеҳ ба забонҳои мухталифе тарҷума шудааст

Вай донишомӯхтаи соҳаи забони арабӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд, ки солҳо низ дар кишвари Либия ба унвони мутарҷим фаолият карда буд.

Маҷмӯаи достонҳои кӯтоҳаш бо номҳои "Ишқи сайёд" (1984), "Асби обӣ" (1984), "Дуди ҳасрат" (1993) мунташир шуда ва дар солҳои ахир низ романе бо номи "Шоҳаншоҳ"-ро мунташир карддаст.

Баҳманёр Аминӣ то поёни умр корманди маҷаллаи "Садои Шарқ" вобаста ба Анҷумани нависандагони Тоҷикистон буд.

Бештар бихонед:

Барчасп