Ноябр 10, 2020 22:24 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Барқи Тоҷик мегуяд, сабаби лимити барқ дар Тоҷикистон бозсозии нерӯгоҳи Норак аст
    Ширкати Барқи Тоҷик мегуяд, сабаби лимити барқ дар Тоҷикистон бозсозии нерӯгоҳи Норак аст

Коршиноси умури энергетикии Тоҷикистон тавзеҳи мақомоти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” -ро дар бораи иллати маҳдудияти барқ дар аксари манотиқи ин кишвар нодуруст донистааст.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Камолиддин Сироҷиддинов бо ишора ба суханони мақомоти ширкати “Барқи Тоҷик”, ки сабаби аслии маҳдудияти барқ дар аксари манотиқи ин кишвар аз соати 8 субҳ то 17-ро бозсозии турбинаҳои нерӯгоҳи барқи обии “Норак” унвон кардаанд, мегӯяд, ба далели камбориш будани соли ҷорӣ акнун танҳо 3  турбина аз 9 турбинаи нерӯгоҳи барқи обии “Норак” фаъол аст ва бақияи агрегатҳои он ба манзури сарфаҷӯӣ дар оби садди он барои истифода дар фасли зимистон кор намекунанд.

Зеро агар оби садди ин нерӯгоҳ акнун мавриди истифода қарор гирад, дар зимистон обе боқӣ нахоҳад монд.

Аз ин рӯ бояд мақомоти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” воқеиятро ба мардум эълом кунанд, ки далели аслии маҳдудияти барқ на масоили фаннӣ ва бозсозии таҷҳизотии нерӯгоҳи “Норак”, балки буҳрони камбуди об мебошад.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” бо пахши гузорише аз бахши ахбори Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, далели маҳдудияти барқ дар бештари манотиқи ин кишварро идомаи бозсозии  турбинаҳои нерӯгоҳи “Норак” эълом карданд.

 

Бештар бихонед: