Нобудии як миллион намуд дору ва лавозими ороишии таърихаш гузашта дар Суғд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i59002-Нобудии_як_миллион_намуд_дору_ва_лавозими_ороишии_таърихаш_гузашта_дар_Суғд
Ҳудуди як миллион намуд дору , шири хушк ва маводи ороишии таърихи масрафашон гузашта дар вилояти Суғд кашф ва нобуд шуд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 11, 2020 10:38 Asia/Dushanbe
  • Як миллион намуди дору ва лавозими ороишии тақаллубӣ аз дорухонаҳои Суғд ҷамъоварӣ шуда аст
    Як миллион намуди дору ва лавозими ороишии тақаллубӣ аз дорухонаҳои Суғд ҷамъоварӣ шуда аст

Ҳудуди як миллион намуд дору , шири хушк ва маводи ороишии таърихи масрафашон гузашта дар вилояти Суғд кашф ва нобуд шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар 9 моҳи гузашта дар бозрасӣ аз дорухонаҳои давлатӣ, хусусӣ ва марказҳои дармонии вилояти Суғд 960 ҳазору 898 намуд навъҳои гуногуни дору , маводи ороишӣ ва шири хушкҳои ғайристандарт , тақаллубӣ ва таърихи масрафашон гузашта кашфу нобуд шуда аст .

 Фурӯшандагони ин колоҳо низ ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум шудаанд .

 Ҳамчунин Илҳом Пулодзода-раиси Идораи назорат бар фаъолияти марказҳои дармонии вилояти Суғд гуфта аст, ки ахиран ба шимоли Тоҷикистон ба таври қочоқӣ миқдори зиёди  гардановезҳои мавсум ба зиддивируси корона мавсум ба Shut Out ворид кардаанд, ки комилан бехосият аст ва 4 фурушандаи он ҳар як ба пардохти ҷарима ба маблағи 2 ҳазору 900 сомонӣ маҳкум шудаанд .

 Ба гуфтаи Пулодзода бефоида будани ин гардановезҳо дар ҷилавгирӣ аз интиқоли вируси корона дар озмоиши семарҳалаӣ собит шуд ва пас аз он ин маҳсулот мусодира ва нобуд шуданд.

бештар бихонед :