Мамнӯъияти мулоқот бо зиндониён дар Тоҷикистон бардошта шуд
(last modified Wed, 11 Nov 2020 15:52:56 GMT )
Ноябр 11, 2020 20:52 Asia/Dushanbe
  • Дар зиндонҳои Тоҷикистон қоидаҳои қатъӣ барои пешгирии вируси корона пешбинӣ шудааст
    Дар зиндонҳои Тоҷикистон қоидаҳои қатъӣ барои пешгирии вируси корона пешбинӣ шудааст

Пас аз гузашти 7 моҳ аз оғози мамнӯъияти мулоқот бо зиндониён дар пайи густариши вируси корона дар Тоҷикистон, мақомоти Вазорати додгустарии (адлия) ин кишвар муҷаввизи дидори наздикони зиндониён бо ононро содир кард.

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  ба нақл аз сомонаи Спутник, аз 16 ноябр, ба ҷуз рӯзҳои сешанбе, маҳбусон метавонанд дидори наздикони худ дар маҳбасро дошта бошанд ва бо худ маводи ғизоӣ ва гигиенӣ биёранд. 

Дар ин мулоқотҳо ҳамроҳ доштани гувоҳии саломат ба нишонаи мубтало нашудан ба Ковид-19 барои наздикони зиндониён илзомӣ аст. 

 Мулоқот бо зиндониён аз моҳи март дар Тоҷикистон мамнӯъ буд

Зиндонҳои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии вируси корона ба таври ҷиддӣ танзим карда шуданд ва аз моҳи марти соли равон боздид ба маҳбусон манъ карда шуда буд.

Аммо, таъкид шудааст, ки дар сурати эҳё шудани Ковид -19, манъи боздид аз маҳбусон дар Тоҷикистон дубора дар дастури кор қарор мегирад.

 

Бештар бихонед: