Ноябр 12, 2020 13:43 Asia/Dushanbe
  • Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи барқдуздӣ таҳқиқ мекунад
    Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи барқдуздӣ таҳқиқ мекунад

Додситони кулли Тоҷикистон дастури таҳқиқи чигунагии барқи дуздӣ аз Шабакаи барқи шаҳри Душанбе ба маблағи 68 миллион сомониро содир кардааст.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, пас аз фош шудани моҷарои сирқати 150 миллион киловатт соат барқ ба маблағи 68 миллион сомонӣ дар Шабакаи барқи пойтахти Тоҷикистон, акнун  коргурӯҳи вижаи додситонӣ ин мавзӯ ва далели насб нашудани шуморишгарҳои ҳушмандро баррасӣ хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки ширкати барқи тоҷик бо 25 миллиард сомонӣ бидеҳӣ, бидеҳкортарин созмони давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд ва сокинони навоҳии ҷумҳурӣ аз маҳдудияти барқ аз соати 8 субҳ то 17 шикоят мекунанд.

Сомонаи ТОП ТҶ таъкид кардааст, ки масъулону сухангӯи ширкати давлатии Барқи Тоҷик ва кормандони аршади Шабакаи барқи шаҳри Душанбе ба баҳонаи дар мурраххасӣ будан аз тавзеҳ додан дар ин маврид худдорӣ кардаанд.

 Аз сӯи дигар Бонки Ҷаҳонӣ дар моҳи марти имсол барои ислоҳот дар сохтори ширкати давлатии Барқи Тоҷик, беҳбуди амалкарди молии он ва барномаи насби шуморишгарҳои ҳушманди муҳосибаи барқи масрафӣ ба Тоҷикистон 134 миллион доллар кумаки ройгон ихтисос дод.

 

Бештар бихонед: