Дидори раисҷумҳури Тоҷикистон бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия
(last modified Thu, 13 Oct 2016 14:37:19 GMT )
Октябр 13, 2016 19:37 Asia/Dushanbe

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе бо раиси Шӯрои федератсияи Русия дидор кард.

Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар ин нишаст авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи печидаи сиёсию низомии Афғонистон, таҳкими иқтидори нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва мубориза алайҳи таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм ва ифротгароиро баррасӣ карданд.

Беҳрӯзи Саидхоҷа аз Душанбе аз ин нишаст гузориш медиҳад.