Рахти сафеди барф бар андоми тирамоҳии Тоҷикистон+ акс
(last modified Sat, 14 Nov 2020 08:12:40 GMT )
Ноябр 14, 2020 13:12 Asia/Dushanbe
  • 18 ва 19 ноябр дар бештари манотиқи Тоҷикистон барф меборад
    18 ва 19 ноябр дар бештари манотиқи Тоҷикистон барф меборад

Бориши нахустин барфи тирамоҳӣ манотиқи мухталифи кӯҳистонии Тоҷикистонро сафедпуш кард.

Ба гузориши сомонаи Тоҷ Вик, сокинони ноҳияҳои Деваштич, Дарвоз ва Варзоб, шоҳиди бориши нахустин барф тирамоҳӣ буданд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва рузноманигорон бо ирсоли аксҳое аз вилоятҳои Суғду Бадахшон ва манотиқи шимолии шаҳри Душанбе, саҳнаҳои зебое аз бориши барфро ба иштирок гузоштаанд.

Барф вилоятҳои Суғд, Бадахшон ва манотиқи шимолии шаҳри Душанберо сафедпуш кард

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон низ эълом кардааст, ки рузҳои 18 ва 19 ноябр дар бештари манотиқи ин кишвар барф меборад ва дамои ҳаво ба зери сифр мерасад.

Барф вилоятҳои Суғд, Бадахшон ва манотиқи шимолии шаҳри Душанберо сафедпуш кард
Барф вилоятҳои Суғд, Бадахшон ва манотиқи шимолии шаҳри Душанберо сафедпуш кард

Бар ин асос дар нимаи дувуми моҳи декабр коҳиши дамои ҳаво ба 15 дараҷа зери сифр пешбинӣ шуда ва аз ронандагон ва мусофирон дархост шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар ҷодаҳои куҳистонӣ зимни риояти муқаррароти ронандагӣ таҷҳизоти эминӣ бо худ ба ҳамроҳ дошта бошанд.

Барф вилоятҳои Суғд, Бадахшон ва манотиқи шимолии шаҳри Душанберо сафедпуш кард

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Бориши барфи баҳорӣ дар Тоҷикистон+акс

Дар сармо ва барф чигуна ронандагӣ кунем?(Тасвирбаён)