Сафири Русия дар Душанбе: донишҷӯёни тоҷик наметавонанд ба Русия бозгарданд
Сафири Русия дар Душанбе гуфтааст, ки донишҷӯёни тоҷики пазириш шуда дар донишгоҳҳои Русия ҳатто дар сурати ҳузур дар ин кишвар бояд омӯзишҳоро дар фазои маҷозӣ, пайгирӣ кунанд.
Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, Игор Лякин Фролов бо ишора ба эътирозоти наздик ба 4 ҳазор донишҷӯи тоҷики донишгоҳҳои Русия, ки ба далели густариши вируси корона наметавонанд ба маҳали таҳсили худ бираванд, гуфтааст, дар Русия ба далели густариши Ковид 19 тадрис дар донишгоҳҳо аз тариқи фазои маҷозӣ анҷом мегирад ва ҳузури ин афрод низ ҳеч тафовуте бо Тоҷикистон надорад.
Вай афзуд, агарчӣ мушкили донишҷӯёни тоҷикро дарк мекунад, аммо феълан дар ин замина намешавад коре кард ва омузишҳо бояд аз роҳи дур идома ёбад то ҳамагирии корона коҳиш ёбад.
Шуморе аз донишҷӯёни тоҷики пазириш шуда дар донишгоҳҳои Русия ҳафтаи гузашта бо таҷаммӯъ муқобили вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафорати Русия дар Душанбе ҳамкории ин ду ниҳодро барои эъзом ба маҳали таҳсили худ хостор шуданд.
Ин донишҷӯён эълом кардаанд, ки агар ба зудди барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия эъзом нашаванд, аз ин марокизи омузишӣ ихроҷ хоҳанд шуд.
Теъдоде аз ин донишҷӯён гуфтаанд, аз омузишҳои фазои маҷозӣ низ ба далели қатъии барқ, гаронии нарх ва сураъти поини интернет дар Тоҷикистон шокӣ ҳастанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Мушкилоти барқ ва интернет донишҷӯёни тоҷикро сардаргум кардааст
- Густариши бесобиқаи вируси корона дар Русия
- Фориғуттаҳсил шудани теъдоде аз донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон