Ноябр 16, 2020 16:11 Asia/Dushanbe
  • Густариши вируси корона сабаби афзоиши қарзи молиётӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон шудааст
    Густариши вируси корона сабаби афзоиши қарзи молиётӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон шудааст

Кумитаи андози вилояти Хатлон қарзи андози ин минтақаро дар 10 моҳи охири соли равон 16 миллиону 900 ҳазор доллар эълон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Сомонаи Спутник, дар ин муддат 10 шаҳр ва ноҳияи вилояти Хатлон натавонистанд барномаи пардохти молиётро иҷро кунанд.

Шаҳрҳои Норак, Леваканд ва навоҳии Бохтар, Хуросон, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Шаҳритӯс, Қубодиён ва Кушониён минтақае ҳастанд, ки қарзҳои молиётӣ доранд.

Аз сӯи дигар 15 ноҳияи вилояти Хатлон дар 10 моҳи имсол муваффақ ба иҷрои барномаи пардохти молиёт шудааст.

Маҷмӯи молиёти пардохтшуда дар вилояти Хатлон дар 10 моҳи имсол 110 миллион доллар эълом шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 900 ҳазор доллар бештар аст.

Сабаби асосии қарзи андоз дар вилояти Хатлон паҳншавии вируси корона, коҳиш ёфтани даромади бахшҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, хадамоти туристӣ, фурудгоҳҳо ва нақлиёт мебошад.

 

Бештар бихонед:

  • Мушкилсозии як ширкати қарздори молиётӣ барои таъмини будҷаи Хатлон

Барчасп