Талоши Бонки Миллии Тоҷикистон барои касби дубораи эътимоди муштариён
(last modified Tue, 17 Nov 2020 07:57:57 GMT )
Ноябр 17, 2020 12:57 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди зиёде аз мардуми Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳанд, ки пулҳои худро дар хона нигаҳ доранд
    Теъдоди зиёде аз мардуми Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳанд, ки пулҳои худро дар хона нигаҳ доранд

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон аз талоши ин ниҳод барои касби дубораи эътимоди муштариён ба низоми бонкии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфтааст, ки аз тариқи тақвияти хадамоти интернетӣ, афзоиши теъдоди дорандагони кортҳои бонкӣ ва тасҳил дар раванди дарёфти вомҳо талош хоҳад шуд, ки эътимоди мардум ба низоми бонкии Тоҷикистон бозгардад.

Ин дар ҳоле аст,ки аз соли 2016 низоми бонкии Тоҷикистон бо бӯҳрони молӣ рӯ ба рӯ шудааст ва ин марокиз наметавонанд супурдаҳои муштариёни худро бозпардохт кунанд.

Аз ин рӯ, ду бонк Санъат ва Фанан Бонк ва беш аз 20 муассисаи молиявию қарзӣ литсензияҳои худро бозхонд карданд ва ду бонки содиротӣ ва сармоягузории кишоварзӣ варшикаст шуданд ва наметавонанд пасандозҳои муштариёнро баргардонанд.

Аз ин рӯ теъдоди зиёде аз мардум тарҷеҳ медиҳанд, ки пулҳои худро дар хона нигоҳ доранд.

Дар Тоҷикистон 19 бонк, 28 фонди молиявӣ ва 25 муассисаи молиявию қарзӣ фаъолият доранд ва теъдоди зиёде аз муассисоти молӣ ва эътиборӣ дар остонаи лағви муҷаввиз қарор гирифтаанд.

 

Бештар бихонед: