Оғози тарҳи тавзеъи ройгони китоби "Тоҷикон" аз вилояти Бадахшон
Дастёри раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози тавзеъи ройгони китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Бадахшон хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дастёри раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури иҷтимоӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт: "Тавзеъи ройгони китобҳои тоҷикии Бобоҷон Ғафуров ба оилаҳои тоҷик дар ноҳияҳои дурдасти Мурғоб ва Ванҷ дар вилояти Бадахшон оғоз мешавад."
Ин китоб ба дастури Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кӯмаки молии сандуқи захираи раёсати ҷумҳурӣ ба муносибати 30-мин солгарди истиқлоли ин кишвар ба теъдоди як миллиону 600 ҳазор нусха мунташир шуда ва ройгон дар ихтиёри ҳар хонаводаи Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.
Бобоҷон Ғафуров муаррих ва шарқшиноси номии тоҷик аст, ки дар даврони Шӯравӣ ба муддати 20 сол мудирияти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои шӯравиро бар ӯҳда дошт.
Китоби "Тоҷикон"-и вай дар соли 1972 бори нахуст ба забони русӣ дар Маскав мунташир шуд ва дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистон низ ба хати форси борҳо таҷдиди чоп шудааст.