Бахтигул Қориева: Табибони Суғд барои ҳамаи кишварҳо намуна ҳастанд
(last modified Wed, 18 Nov 2020 11:06:01 GMT )
Ноябр 18, 2020 16:06 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон аз фидокории кормандони тибби Суғд ситоиш кард
    Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон аз фидокории кормандони тибби Суғд ситоиш кард

Намояндаи Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Қориева, фидокорӣ ва кори касбии табибони суғдиро ситоиш кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, Бахтигул Қориева дар мулоқот бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифозати иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Самариддин Ализода аз кори табибони вилояти Суғд дар муқобила бо вируси корона қадрдонӣ кард.

Намояндаи Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар ин дидор таъкид кард: "Таҷриба ва кори кормандони тиббии вилояти Суғд дар пешгирии ин беморӣ барои кишварҳои дигар намуна аст. "Мубориза бо коронавирус тибқи меъёрҳо ва тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ сурат мегирад ва табибон ва шахсони мансабдор барои пешгирии паҳншавии минбаъдаи беморӣ кор мебаранд."

Ширкаткунандагон дар ин нишаст, ки ба баррасии кори муассисаҳои тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд ихтисос дошт равишҳои мубориза бо Ковид-19 дар шаҳрҳои ин вилоят баррасӣ шуд.

Дар вилояти Суғд ҷиҳати пешгирии паҳншавии вируси корона, аз ҷумла назорати тӯйҳо ва посбонии мунтазам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ чораҳои ҷиддӣ андешида шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп