Июл 24, 2024 10:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар бораи вахомати авзои беморон дар Ғазза

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳушдор дод, ҳазорон тан аз беморон ниёз доранд ба манзури дармону муолиҷа аз Борикаи Ғазза, ношӣ аз ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ хориҷ шаванд.

Ба гузориши ИСНА, Аёдил Сапарбеков, як мақоми аршад дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи сешанбе нисбат ба эҳтимоли шуюъи бемории ҳамагир дар Ғазза пас аз кашфи вируси фалаҷи атфол дар обҳои фозилоб ибрози нигаронӣ кард.

Вай ҳушдор дод, ҳудӯди 14 ҳазор фаластинӣ ниёз доранд ба манзури дармону муолиҷа аз Ғазза хориҷ шаванд.

Пештар Ҳилоли Аҳмари Фаластин дар Ғазза эълом кард, камбуди сӯхт дар Ғазза ба хурӯҷи 18 мошини ёрии таъҷилӣ аз чархаи хизматрасонӣ мунҷар шудааст.

Режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри 2023 ҷангеро алайҳи Ғазза оғоз кардааст, ки токунӯн беш аз 39 ҳазор нафар шаҳид кардааст, ки аксарияти онҳо кӯдак ва зан ҳастанд.

Ин ҳамалот ҳамчунин ба мафқуд шудани беш аз 10 ҳазор тан низ мунҷар шудааст.

 

 

Барчасп