Вазири хориҷаи Қирғизистон фардо ба Тоҷикистон меояд
Вазири умури хориҷаи Қирғизистон фардо дар сафаре дурӯза ба Душанбе, бо мақомоти Тоҷикистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Руслан Қазоқбоев рӯзҳои 19 ва 20 ноябр дар Душанбе бо Сироҷиддини Муҳриддин, ҳамтои тоҷикаш ва дигар мақомоти ин кишвар дидор ва равобити дуҷонибаро баррасӣ хоҳад кард.
Дар ин дидорҳо роҷеъ ба роҳҳои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлунақл, амниятӣ ва марзӣ баҳсу табодули назар хоҳад шуд.
Яке аз мавзӯоти муҳими ин дидор чигунагии идомаи музокирот бар сари аломатгузории марзҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон хоҳад буд, ки имсол ба далели густариши вируси корона ба таъхир афтодааст.
Дар музокироти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои таъйини марзи муштараки 987 километрии ду кишвар дар 27 соли гузашта 520 километр аз ин хати марзӣ аломатгузорӣ шудааст.
Таъйин нашудани хутути марзии ду кишвар даргирӣ ва танишҳои зиёдеро байни сокинони вилоятҳои Суғду Ботканд эҷод кардааст.
Бештар бихонед:
- Сохти таъсисот дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон мамнуъ шуд
- Сабаби тирандозии ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон чӣ буд?
- Маҳкумияти панҷ шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба Қирғизистон