Шаҳрдори собиқи Кӯлоб ба 12 сол зиндон маҳкум шуд
Додгоҳи вилояти Хатлон Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлобро ба 12 сол зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши сомонаи Тоҷ век, Баҳром Иноятзода ба ҷурми сӯиистифода аз мансаб, фасод, тасарруфи амволи давлатӣ, қаллобӣ, тақсими ғайриқонунии замин, қонунигардонии даромади ҷиноӣ ба 12 сол зиндон маҳкум шудааст.
Намояндаи додситонӣ дар ин додгоҳ 14 сол зиндонро барои Иноятзода хостор шуда буд.
Вай, ки қаблан шаҳрдори Истаравшан буд дар моҳи майи соли 2019 ба фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми шаҳрдори Кӯлоб мансуб шуд.
Бо ин ҳол манобеи мустақили хабарӣ мегӯянд, ки мушкилоти шаҳрдори Кӯлоб замоне оғоз шуд, ки вай аз фаъолияти ширкати сохтимонсозии "Комил" ба далели напардохтани молиёт ба шиддат интиқод карда буд.
Ширкати сохтумонсозии "Комил" мутаъаллиқ ба фарзанди раиси Хадамоти алоқа аст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Боздошти шаҳрдори Кӯлоб ба иттиҳоми фасоди иқтисодӣ
- Муаррифии фасодзадатарин идороти Тоҷикистон дар нимаи нахусти имсол
- Ислоҳи қонуни зидди фасоди Тоҷикистон : "Муқобила" ҷонишини "мубориза" шуд