Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми маҳкумияти шаҳрдори собиқи Кӯлобро таъйид кард
(last modified Mon, 15 Mar 2021 16:40:31 GMT )
Март 15, 2021 21:40 Asia/Dushanbe
  • Ришвахорӣ ва сӯиистифода аз кумакҳои башардӯстона, аз ҷумлаи ҷурмҳои шаҳрдори собиқи Кӯлоб эълом шудааст
    Ришвахорӣ ва сӯиистифода аз кумакҳои башардӯстона, аз ҷумлаи ҷурмҳои шаҳрдори собиқи Кӯлоб эълом шудааст

Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо баррасии дархости вакилони мудофеи Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб дар бораи таҷдиди назар дар ҳукми 12 соли зиндони ӯ, ин ҳукмро бидуни тағйир таъйид кард.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, пеш аз ин додгоҳи вилояти Хатлон Баҳром Иноятзодаро ба ҷурми дуздии амвол, фиреб, сӯиистифода аз мансаби давлатӣ ва дарёфт ришва ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд.

Эъломи ҷузиёти парвандаи шаҳрдори собиқи Кӯлоб ду моҳ пас аз маҳкумият

Вай, ки қаблан шаҳрдори Истаравшан дар вилоят Суғд буд, дар моҳи майи соли 2019 ба фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми шаҳрдори Кӯлоб таъйин шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кардааст, ки Иноятзода бо дарёфти 12 маврид ришва ба арзиши беш аз 2 миллион сомонӣ иқдом ба сохти як дармонгоҳ карда ва дар тахаллуфе дигар дар баробари ҷудо кардани замин ба мутақозиён 400 ҳазор сомонӣ ришва дарёфт кардааст.

Ҳамчунин сӯиистифода аз кумакҳои башардӯстона аз дигар иттиҳомоти шаҳрдори собиқи Кӯлоб эълом шудааст.

 

Бештар бихонед: