Интишори феҳристи хабарнигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон
Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон (IFJ) феҳристи наздики 400 нафар рӯзноманигорони дар саросари ҷаҳон зиндонишударо нашр кард, ки дар он дастикам исми 4 журналисти тоҷик зикр шудааст.
Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, ба гуфтаи манбаъ, танҳо дар соли 2023-юм 393 рӯзноманигор ва кормандони расонаҳо бо ҷурмҳои гуногун паси панҷараҳои зиндон рафтанд.
Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон инчунин аз рӯзноманигорони соли гузашта маҳкумшудаи тоҷик - хуршед Фозилов, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов) ном бурдааст.
Гузоришгари Созмони милал бори дигар аз давлати Тоҷикистон хост хабарнигорони зиндониро озод кунад.
Ҳамчунин ин созмон дар гузориши солонаи худ феҳристи кишварҳоеро мунташир кард, ки бештарин теъдоди рӯзноманигоронро зиндонӣ кардаанд.
Дар раъси ин феҳрист Чин бо 80 рӯзноманигор зиндонӣ қарор дорад.
Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон ҳамчунин аз кушта шудани 94 рӯзноманигору корманди расонаӣ дар саросари ҷаҳон дар соли 2023 хабар медиҳад.
Бар асоси гузориши солонаи ин созмон, ин тақрибан 40 дарсад бештар аз соли гузашта аст, ки 68 хабарнигор ҷони худро аз даст доданд.