Қонуни буҷети соли 2021 Тоҷикистон ба имзои Эмомалӣ Раҳмон расид
(last modified Sat, 21 Nov 2020 15:19:39 GMT )
Ноябр 21, 2020 20:19 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон қонуни буҷаи Тоҷикистон дар соли 2021-ро имзо кард
    Эмомалӣ Раҳмон қонуни буҷаи Тоҷикистон дар соли 2021-ро имзо кард

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни буҷети соли 2021 ин кишварро имзо кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, пас аз тасвиби қонуни буҷаи соли 2021 дар порлумони Тоҷикистон, акнун ин қонун ба имзои раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон низ расид, ки заминаи иҷроӣ шудани буҷаи ҳукумат барои соли 2021-ро фароҳам месозад.

Ҳазинаи буҷаи соли  2021 Тоҷикистон

Бахши даромадии буҷети Тоҷикистон дар соли ояндаи 27,6 миллиард сомонӣ барномарезӣ шуда ки 1, 6 миллиард сомонӣ ё 6,1 дарсад бештар аз буҷети соли 2020 аст.
  
64 дарсад аз кулли буҷети ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2021 аз ҳисоби пардохти молиёт таъмин хоҳад шуд.
 
 Бахши ҳазинаи буҷети Тоҷикистон дар соли 2021 низ 28, 1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, ки 1, 7 миллиард сомонӣ беш аз маблағи ин бахш дар буҷети соли 2020 аст.
 
Дар буҷети соли ояндаи ҳукумати Тоҷикистон барои бахши омӯзишу парвариши 5, 6 миллиард сомонӣ, бахши беҳдошт 2, 3 миллиард сомонӣ, ҳифозати иҷтимоӣ 4, 2 миллиард сомонӣ ва фарҳангу варзиш 1 ,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, ки ҳамаи онҳо нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфтааст.
 
Дар маҷмӯъ 48 дарсади буҷети соли 2021 ҳукумати Тоҷикистон дар бахшҳои иҷтимоӣ ҳазина мешавад.

Ҳамчунин маблағи 2, 1 миллиард сомонии дигар ҳам монанди соли 2020 барои такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун ҳазинаи хоҳад шуд.
 
 
Бештар бихонед: