Ноябр 22, 2020 20:29 Asia/Dushanbe
  • Қатъи ваколати ду намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон
    Қатъи ваколати ду намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ваколати ду нафар аз аъзои худро ба далели интисоби онон ба симматҳои ҳизбӣ ва ҳукуматӣ қатъ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи нашрияи парламенти Садои мардум, Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон эълом кардааст, ки ду нафар аз аъзои парламет ба симматҳои ҳизбӣ ва ҳукуматӣ мансуб шудаанд, ки бояд ваколати онон қатъ шавад.

Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, Зафар Исмоилзода намояндаи парламент аз ҳизби халқӣ-демократӣ ба симмати раёсати созмони ин ҳизб дар вилояти Суғд мансуб шудааст, ки дигар наметавонад ба фаъолият дар маҷлиси қонунгузории ин кишвар идома диҳад.

Ҳамчунин Баҳодур Акрамзода дигар намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон аз ҳизби халқӣ-демократӣ бар асоси фармони раиси ҷумҳурии ин кишвар ба симмати раиси ноҳияи шаҳристони вилояти Суғд мансуб шудааст, ки ба таври ҳамзамон наметавонад душуғла бошад.

Бо қатъи ваколати намояндагии ин ду нафар акнун дар ду ҳавзаи интихобияи вилояти Суғд интихоботи такрории парламентӣ баргузор мегардад, то афроди дигаре ҷонишини онҳо шавад.

Барчасп