Чаро дар замони шӯравӣ бисёре аз тоҷикон ҳамчун ӯзбек сабт шуда буданд?
(last modified Mon, 23 Nov 2020 10:17:02 GMT )
Ноябр 23, 2020 15:17 Asia/Dushanbe
  • Дар Самарқанд, Бухоро ва чандин шаҳрҳои дигари Ӯзбекистон забони мардум форсӣ- тоҷикист
    Дар Самарқанд, Бухоро ва чандин шаҳрҳои дигари Ӯзбекистон забони мардум форсӣ- тоҷикист

Рӯзноманигори рус Евгений Золотухин дар гузорише ба мавзӯи ривоҷи забони форсӣ-тоҷикӣ байни бисёре аз шаҳрвандони Ӯзбекистон пардохтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Евгений Золотухин  хабарнигори рус дар гузорише дар сомонаи ridus навишт : «Шояд барои баъзеҳо тааҷҷубовар бошад, ки акнун дар Ӯзбекистон бисёре аз мардум бо якдигар ба забони тоҷикӣ ва на ӯзбекӣ, ки забони расмии ин кишвар аст сӯҳбат мекунад.»

Вай дар бораи ин мавзӯ бо мардуми маҳаллӣ дар Самарқанд ва Бухоро мусоҳиба карда ва навиштааст: «Маълум шуд, ки дар даврони Иттиҳоди ҷамоҳири шуравӣ, бисёре аз тоҷикон ба унвони ӯзбек ба исми маҳалли зиндагии худ сабт шудаанд.»

Золотухин барои баррасии далели ин иттифоқ торихчаи печидаи шаҳрҳое монанди Самарқанду Бухороро мутолиа карда ва навиштааст: « Дар солҳои 819 то 999 милодӣ сарзаминҳои Ӯзбекистону Тоҷикистони феълӣ ҷузъе аз давлати сомонии таҳти султаи силсилаи сомониён буду тоҷикон ҳанӯз Исмоили Сомонӣ машҳуртарин амири сомониёнро бузургтарин тоҷики торих медонанд.»

Оӯзноманигори рус дар идома менависад: « Фармонравоёну силсилаҳо яке пас аз дигарӣ меомаданду мерафтанд, аммо бештари сокинони Самарқанд, Бухороб ва бисёре аз шаҳрҳои дигар то оғози қарни бистум ба забони форсӣ ( тоҷикӣ ) сӯҳбат мекарданд. Пас аз он ду ҷумҳурӣ Ӯзбакистону Тоҷикистон ба вуҷуд омад ва Самарқанду Бухоро бахше аз Ӯзбекистон шуданд.»

Бар асоси ин гузориш, дар саршумории умумии бештари тоҷикони самарқандӣ барои содагии кор ба унвони ӯзбек сабт шуданд ва бархе аз муҳаққиқон низ истидлол мекунанд, ки тоҷикон номи худро ба унвони ӯзбек сабт мекарданд то аз мушкилоти эҳтимолӣ дар амон бимонанд.
 
 Акнун ба таври расмӣ теъдоди тоҷикон дар ҷамъияти Ӯзбекистон ҳудуди 5 дарсад аст, аммо ба таври ғайрирасмӣ  дар ҳоли ҳозир ҷамъияти онҳо ба ҳудуди 30 дарсади ҷамъияти кишвар мерасад.
 
Дар Самарқанд, Бухоро ва бархе шаҳрҳои дигари Ӯзбекистон бисёре аз мардум ҳанӯз байни худ ба форсӣ-тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд ва забони ӯзбекӣ танҳо ҳангоми муроҷиа ба созмонҳои давлатӣ истифода мешуд.
 
Бисёре аз мардуми Ӯзбекистон худро тоҷик бо шиносномаи ӯзбекӣ медонанду бисёре низ наметавонанд ба таври қатъӣ бигӯянд ӯзбек ҳастанд ё тоҷик.
 
 
Бештар бихонед: