Октябр 14, 2016 19:07 Asia/Dushanbe
  • Боздиди соҳибкорони Хатлон аз намоишгоҳ дар шаҳри Ӯрумчӣ

12 нафар соҳибкорони вилояти Хатлон аз сеюмин Намоишгоҳи молҳои саноатии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар шаҳри Ӯрумчӣ дидан намуданд.

Шараф Сангов, муовини сардори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон, мегӯяд, ки иштироки соҳибкорони хатлонӣ дар чунин Намоишгоҳҳо имкони бастани шартномаҳои тарафайн барои ворид намудани дастгоҳҳо ва молҳои ниёзи мардумро медиҳад.

Оқои Сангов мегӯяд, ки дар ин Намоишгоҳе, ки дар шаҳри Ӯрумчӣ доир гардид,   корхонаҳои бузурги  саноатии Ҷумҳурии халқии Хитой молу амволашонро ба намоиш гузошта будаанд.

 Гуфтанист, солҳои ахир  якчанд маротиб дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб Намоиши молҳои саноатӣ  аз Ҷумҳурии Исломии Ирон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Давлати Русия доир гардида буд.

Оқои Сангов мегуяд, ки  Намоишгоҳҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо бо  ҷалби  соҳибкорони хориҷӣ, барои  соҳибкорони вилояти Хатлон  чӣ дар дохили  вилоят,  ҷумҳурӣ   ва  дар хориҷ  аз он  муфид  аст.

Мутаассифона, мегуяд Шараф Сангов, муовини сардори Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Хатлон, то ба имрӯз аз  набудани  ҷои  махсус барои   Намоишгоҳи махсулоти  саноӣ ва кишоварзӣ, намоишҳои молу маҳсулотӣ саноатӣ ва  кишоварзӣ  дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб  дар саҳни театрҳо, клубҳо , растаҳо, бозорҳо  баргузор  мешаванд.

Бешубҳа, дар чунин ҷойҳо баргузор гаштани Намоишгоҳҳо  барои меҳмонон,  фурӯшандаҳо, харидорон ва тамошобинон ноқуллай аст.                                        

Қобили қайд аст, ки соли ҷорӣ Намоиши молҳои саноатӣ ва кишоварзии вилояти Хатлон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд доир гашта маҳсулоти  заргарӣ, чакан,  «Шифочой», намаки «Хоҷа – Мӯъмин» ва Сементи « Ғаюр семент»  тамошобинон ва харидорони зиёде  пайдо кардаанд.

Дар ҳоле, ки то ба имрӯз  аъзоёни Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Хатлон ба 126 адад расидааст ва  бештари онҳо ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Халқии Хитой роҳандозӣ кардаанд дар назди Палатии  савдо ва саноат дар вилояти Хатлон масъалаи дар қатори омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ омӯзиши забони хитой пеш омадааст.

Коршиносони соҳа  қасд доранд, ки омӯзиши  забонҳои хориҷиро барои соҳибкорон дар назди Палата роҳандозӣ намоянд. Онҳо мегуянд, ки    донистани забонҳои русӣ, англисӣ , хитоию туркӣ ва хаттӣ форсӣ барои соҳибкорон ва тоҷирон  тақозои замон аст.