Афзоиши истеҳсоли семент дар Тоҷикистон то поёни октябри соли 2020
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз истеҳсоли 3,6 миллион тонна семент дар 10 моҳи соли равон хабар дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, ин миқдор семент дар 13 корхона тавлид шудааст, ки аз зарфияти арзаи 4 миллиону 700 ҳазор тонна семент дар сол бархурдор мебошанд.
Дар соли 2019 дар Тоҷикистони 4 миллиону 200 ҳазор тонна семент тавлид ва як миллиону 500 ҳазор тоннаи он ба хориҷ содир шуд.
Тоҷикистон дар соли 2019 аз ҳисоби содирот беш аз як миллиону 500 ҳазор тонна семент ба Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон 68 миллион доллар даромад ба даст овард, аммо ба далели густариши вируси корона тайи шаш моҳи нахусти имсол ба ин се кишвар ҳамагӣ 600 ҳазор тонна семент ба арзиши молии 27 миллиону 300 ҳазор доллар содир шудааст.
Дар Тоҷикистон 13 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият мекунад, ки дар 20 соли ахир бо сармоягузорӣ ва кӯмаки фаннии мутахассисони чинӣ сохта шудааст.
Бештар бихонед: