Ноябр 25, 2020 22:14 Asia/Dushanbe
  • 37 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон шиносоӣ шуданд
    37 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон шиносоӣ шуданд

Теъдоди беморони мубтало ба вируси корона дар Тоҷикистон аз 12 ҳазор нафар фаротар рафт.

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо шиносоии 37 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Тоҷикистон шумори ин беморон ба 12 ҳазору 68 нафар расид.

Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони корона дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи чаҳоршанбеи 25 ноябр бидуни афзоиш ҳамон 86 нафари қабл аст.

Аз 12 ҳазору 68 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 11 ҳазору 395 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 40 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

 

Бештар бихонед: