Ноябр 25, 2020 22:55 Asia/Dushanbe
  • Чин манобеи лозимро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар нерӯгоҳи Роғун дорад
    Чин манобеи лозимро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар нерӯгоҳи Роғун дорад

Мудири пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъият дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон муътақид аст, ки кишвари Чин метавонад дар сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун сармоягузорӣ кунад.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Ҳоҷимуҳаммад Умаров гуфтааст, ки барои такмили нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон ба ҷазби солона 340 миллион доллар манобеи молӣ ниёз аст, ки ба далели густариши вируси корона танҳо Чин метавонад ин маблағро таъмин кунад.

Аз сӯи дигар, мақомоти Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷазби сармояи Арабистони Саудӣ, Иморот, Кувайт ва Қатар барои идомаи сохти ин тарҳи муҳими энергетикии минтақаӣ вориди музокира шудаанд, аммо мақомоти ин кишварҳо дар посух гуфтаанд, ки дар сурати поёни Ковид -19 дар ин замина тасмимгирӣ хоҳад шуд.

Аз дидгоҳи Умаров дар ин шароит, ки аксари кишварҳо бо буҳрони молии ношӣ аз густариши вируси корона рӯ ба рӯ шудаанд, танҳо Чин метавонад барои идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба Тоҷикистон уарз диҳад.

Нерӯгоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст.

Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш турбинаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт барқ дар сол, Тоҷикистон на танҳо бо барқ таъмин мешавад, балки тавонм афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт.

 

Бештар бихонед: