Октябр 14, 2016 19:12 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайати тиҷорӣ ва бозорёбии Эрон ба Тоҷикистон

Ҳайате муташаккил аз тоҷирони эронӣ ва намояндагони 15 ширкати санъатӣ ва тиҷории Эрон бо ҳадафи бозорёбӣ ва тавсеаи муносиботи иқтисодӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ҳадаф аз ин сафар муаррифии зарфиятҳо ва тавонмандиҳои иқтисодӣ ва шиносоии фурсатҳои ҳамкорӣ ва мушорикат дар проектҳои сохтмонӣ, санъатӣ ва технологии Тоҷикистон эълом шудааст.

 Ҳайати эъзомии эронӣ рӯзҳои 23 ва 24-уми меҳрмоҳ дар ҳамоиши фурсатҳои сармоягузории Тоҷикистон низ ширкат мекунад.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дидорҳое бо мудирони иҷроии давлати Тоҷикистон пешбинӣ шуда то аз ин тариқ шароити бозор барои ҳузури ширкатҳои эронӣ, ба вижа дар заминаи тавлидоти муштарак баррасӣ шавад.