Ноябр 28, 2020 23:29 Asia/Dushanbe
  • 36 нафари дигар ба шумораи беморони Ковид 19 дар Тоҷикистон илова карда шуд
    36 нафари дигар ба шумораи беморони Ковид 19 дар Тоҷикистон илова карда шуд

Бо шиносоии 36 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон теъдоди ин беморон дар кишвар ба 12 ҳазору 118 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин шумори ҷонбохтагони корона дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи шанбе 28 ноябр бидуни афзоиш ҳамон 86 нафари қабл аст.

Аз 12 ҳазору 118 бемори гирифтори Ковид-19 дар Тоҷикистон то кунун 11 ҳазору 518 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 40 бемори короноӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд.

Бештар бихонед: 

Барчасп