Ноябр 29, 2020 20:33 Asia/Dushanbe
  • Таҳияи тарҳи қонуни муҷозоти зиндон барои талоқи паёмакии занон дар Тоҷикистон
    Таҳияи тарҳи қонуни муҷозоти зиндон барои талоқи паёмакии занон дар Тоҷикистон

Гуруҳе аз намояндагони парламенти Тоҷикистон таҳияи тарҳи қонуни муҷозоти зиндон барои мардонеро, ки занони хешро аз тариқи ирсоли паёмаки телефонӣ талоқ медиҳанд, ба поён расондааст.

Ба Гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, дар сурати тасвиби ин қонун мардоне, ки бо ирсоли паёмак занони хешро талоқ медиҳанд, аз 3 то 5 сол ба зиндон маҳкум хоҳанд шуд. 

Ин дар ҳолест, ки бар асоси қавонини феълии Тоҷикистон талоқи паёмакии занон мамнӯъ мебошад.

Аммо дастандаркорони ин қонун мегӯянд, ки теъдоде аз шаҳрвандони ин кишвар пас аз рафтан ба Русия барои кор бо ирсоли паёмак ба занони хеш,  талоқи ҳамсаронашонро эълон мекунанд, ки ба мушкилоти мухталифи иҷтимоӣ ҳамроҳ мебошад. Масъулони кумитаи умури хонавода ва ҳифзи саломатии модару кӯдак дар маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли 2019 дар ин кишвар 12 ҳазору 500 мавриди талоқ сабт шудааст, ки дар соли 2018 ин шохис 10 ҳазор маврид буд. Аз ин рӯ барои боло бурдани эҳсоси масъулияти ҷавонон дар қиболи хонавода бояд ҳам ин қонун тасвиб шавад. 

Аз сӯи дигар Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон низ ҷонибдори тасвиби ин қонун мебошад ва мегӯяд, ки ҳамасола беш аз 100 мавриди ҷанҷол бар сари талоқҳои паёмакиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп