Тавзеҳи раиси нави Бонки Миллии Тоҷикистон дар бораи афзоиши қимати доллар
Раиси тозатаъйиншудаи Бонки Миллии Тоҷикистон иллати афзоиши қимати долларро дар ин кишвар тавзеҳ дод.
Ба гузориши “Спутник”, Ҳоким Холиқзода гуфтааст: “Тақозои зиёд барои хариди доллар, тавозуни манфии тиҷорати хориҷӣ ба нафъи воридот, коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷир ва уфти сармоягузории хориҷӣ азҷумлаи омилҳои гаронии арзҳои хориҷӣ ва ба вижа доллар дар Тоҷикистон мебошад”.
Холиқзода таъкид кардааст: “Барои яксонсозии арзиши доллар дар бозори дохилӣ, Бонки Миллии Тоҷикистон аз рӯзи 4 ноябри имсол иқдом ба ислоҳи қиматҳо кард, ки то кунун ҳар доллар 11 сомониву 33 дирам хариду фурӯш мешавад”.
Ҳамчунин ба гуфтаи раиси Бонки Миллии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз сӯиистифодаи даллолон дар бозори муомилоти арзӣ заминаи фаъолияти ин афрод ба шиддати маҳдуд хоҳад шуд.
Бонки Миллии Тоҷикистон афзоиши қурби доллар ба 11 сомониро қаблан барои соли 2023 пешбинӣ карда буд, ки ин иттифоқ зудтар афтод.
Бештар бихонед:
Пешбинии доллари 10 сомониву ду дирамӣ дар буҷети Ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2020 |
Арзиши сомонӣ дар баробари доллар дар соли 2023 аз 11 сомонӣ фаротар хоҳад рафт |