Декабр 01, 2020 21:10 Asia/Dushanbe
  • ҳушдори сандуқи АвруОсиё дар бораи қарзи хориҷии Тоҷикистон
    ҳушдори сандуқи АвруОсиё дар бораи қарзи хориҷии Тоҷикистон

Сандуқи рушду суботи АвруОсиё дар бораи афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳушдор дод.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, дар гузориши тозаи коршиносони Сандуқи рушду суботи АвруОсиё, ки рӯзи аввали моҳи декабр мунташир шуд, аз ин ки мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон ба беш аз 45 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии кишвар расида, ибрози нигаронӣ шудааст.

Бар асоси ин гузориш, мизони қарзи хориҷии дигар кишварҳои узви ин сандуқ, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон ба камтар аз 20 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишварҳо мерасад ва дар Арманистону Беларус 38 дарсадро ташкил мекунад, аммо тибқи гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон, қарзи хориҷии ин кишвар дар 10 моҳи имсол ба 3 миллиарду 200 миллион доллар расида, ки баробар бо 45. 7 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон аст.

Гуфта мешавад, ки дар 10 моҳи имсол мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон 275 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

 Дар ҳоли ҳозир қарзи Тоҷикистон ба Бонки содироту воридоти Чин як миллиарду 133 миллион доллар, Бонки Ҷаҳонӣ 338 миллион доллар, Бонки рушди Осиё 287 миллион доллар ва Бонки тавсеаи исломӣ 132 миллион доллар эълом шудааст.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба сандуқҳои рушди теъдоде аз кишварҳои арабӣ низ қарздор аст.

 

Бештар бихонед:  

Коҳиши рушди тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон