Кумаки 270 ҳазордолларии таҷҳизотии Ҷопон ба се дармонгоҳи Тоҷикистон
(last modified Tue, 01 Dec 2020 17:14:55 GMT )
Декабр 01, 2020 22:14 Asia/Dushanbe
  • Ҷопон се дастгоҳи радиоложиро ба марокизи дармонии Тоҷикистон ҳадя дод
    Ҷопон се дастгоҳи радиоложиро ба марокизи дармонии Тоҷикистон ҳадя дод

Сафорати Ҷопон дар Душанбе таҷҳизоти радиоложии ройгонро ба қимати 270 ҳазор доллар дар ихтиёри се дармонгоҳ дар пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияи Ваҳдат қарор дод.

Ба гузориши сомонаи Азия плюс, қимати ҳар як аз ин дастгоҳҳо 90 ҳазор доллар мебошад, ки кумаки ройгони ҳукумати Ҷопон ба Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

Tакаюки Миясита, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ҳадаф аз ин иқдомро кумак ба Тоҷикистон барои ташхиси дурусти бемориҳо унвон карду гуфт:

- Ҳукумати Ҷопон солҳои тӯлонӣ ба Тоҷикистон дар мавриди таъмини ниёзи бахши беҳдошту дармони ин кишвар бо таҷҳизоти пизишкӣ кумаки ройгон кардааст. Имрӯз низ ба далели густариши вируси корона бемористонҳои Тоҷикистон эҳтиёҷи шадиде ба таҷҳизоти пешрафта доранд, ки дар оянда низ мо ба расонидани кумакҳои мавриди ниёзи ин бахш иқдом хоҳем кард”.  

Бо кумаки ройгони ҳукумати Ҷопон дар ду даҳаи ахир тарҳҳои зиёди обрасонӣ, таҷҳизи бемористонҳову мактабҳо дар Тоҷикистон иҷро шудааст.

 

 Бештар бихонед:  

Таъкид бар густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Ҷопон

Ирсоли кумакҳои фаннии Ҷопон ба Тоҷикистон

Кумаки 300 ҳазордолларии Ҷопон ба Тоҷикистон