Душанбе мизбони Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар соли 2021
-
Ҷаласаи Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 2021 дар Душанбе баргузор мешавад
Раиси маҷлис ва шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 13-умин нишасти умумии ин ассамблея ширкат кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дар ин нишаст, пешнависи барномаи кори Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба ҳамгироии қонунҳои миллии кишварҳои узв дар солҳои 2021 то 2025 ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Ассамблеяи парлумонӣ баррасӣ шуд.
Раиси маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар суханронӣ дар ин иҷлос бо ишора ба раёсати кишвараш бар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли оянда хостори баргузории ҷаласаи баъдии Ассамблеяи порлумонии ин созмон дар нимаи аввали соли 2021 дар шаҳри Душанбе шуд.
Пешниҳоди раиси маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе мавриди қабули ширкаткунандагони ин иҷлос қарор гирифт.
Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, созмоне бо фаъолияти низомӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аст, ки Русия онро бунён ниҳодааст.
Бештар бихонед: