Ҷопон ба кормандони тоҷикистонӣ бурсияи таҳсилӣ медиҳад
-
Ҷопон ба таҳсили кормандони Тоҷикистон ҳудуди 2. 5 миллион доллар кумак мекунад
Вазири молияи Тоҷикистон ва раиси намояндагии Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар Душанбе тавофуқномаи кумаки билоиваз барои иҷрои тарҳи бурсияи таҳсилӣ (стипендия) барои омӯзиши кадри давлатӣ ба имзо расониданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар чорчӯби ин тавофуқнома, ки ба имзои Файзиддин Қаҳҳорзода ва Токосако Монио расид, барои тақвияти тавонмандии кормандони давлат ва дигар ниҳодҳо дар Тоҷикистон, Токио аз тариқи Ожонси ҳамкории байналмилалӣ (Ҷойко) ба ин кишвар ҳудуди 2. 5 миллион доллар кумак мекунад.
- Ҳадаф аз ин тарҳи кумак ба тавсеаи Тоҷикистон аз тариқи тақвияти тавони кормандони давлатӣ, ҳимоят аз тавсеаи манобеи инсонии Тоҷикистон бо тамаркуз бар кормандони ҷавон ва тақвияти равобит байни Душанбе ва Токио аст.
Созмони хадамоти давлатии вобаста ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарҳро бо ҳимояти молии намояндагии Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон, мавсум ба Ҷойко иҷро мекунад
Бештар бихонед:
- Кумаки таҷҳизотии 270 ҳазордолларии Ҷопон ба се дармонгоҳи Тоҷикистон
- Таъкид бар густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Ҷопон
- Суханронии вазири хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти маҷозии Осиёи Марказӣ ва Ҷопон