Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон: бастагони Муҳаммадмурод Одинаев ҳанӯз ба пулис муроҷиа накардаанд
Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълом кард, ки бастагони муовини Ҳизби сотсиал демократи ин кишвар, ки муддаиянд вай аз 20 ноябр нопадид шудааст дар ин муддат барои пайдо кардани ӯ ба мақомоти интизомӣ муроҷиа накардаанд.
Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, Нусратуллоҳ Маҳмудзода, дувуми декабр эълом кард, ки то ба ҳол бастагони Одинаев барои пайгирии нопадид шудани вай бо мақомоти интизомӣ тамосе нагирифтаанд.
Манобеи ин вазоратхона мегӯянд, ки Одинаев ҳамвора талош мекунад дар назми умумӣ халал эҷод кунад ва суботи кишварро барҳам бизанад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иддаои хонаводаи Одинаевро рад кард
Ин дар ҳоле аст, ки гуфта мешавад, Одинаев пас аз онки дар сафҳаи Фейсбуки худ аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе иҷозаи баргузории тазоҳурот рӯ ба рӯи Кохи раёсатҷумҳуриро хоста буд ба тарзи мармузе нопадид шуд ва то кунӯн наздиконаш муваффақ нашудаанд бо ӯ иртибот барқарор кунанд.
Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ҳам бо ибрози бе иттилоӣ аз сарнавишти Одинаев гуфтааст, саъй мекунем мутаваҷҷеҳ шавем чӣ иттифоқе барои ӯ афтодааст ва умедворем талошҳои мо дар ин замина натиҷа диҳад.
Ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, муовини дигари раиси Ҳизби сотсиал-демократ нерӯҳои интизомӣ муваззафанд моҷароӣ нопадид шудани Одинаевро пайгирӣ кунанд.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат дар ин кишвар аст ва Муҳаммадмурод Одинаев, муовини раиси ин ҳизб бештар сарнавишти зиндониёни сиёсӣ ва боздоштҳои ғайриқонӯнӣ дар ин кишварро пайгирӣ мекард.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Ҳамлаи афроди ношинос ба раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
- Даъвати Ҳизби сотсиал демократ барои таҳрими интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон
- Шикояти Зоиров аз афзоиши фишор ба аъзои Ҳизби Сотсиал демакрати Тоҷикистон