Ифшои ҷосӯсии давлати Британия алайҳи хабарнигорон
Баррасиҳо нишон медиҳад, ки созмонҳои амниятӣ ва полиси Британия аз хабарнигорони ин кишвар ҷосӯсӣ мекунанд.
Пештар Тревор Бирней ва Берри Маккаферей-ду хабарнигори британияӣ эълом карданд созмони ҷосӯсии дохилии ин кишвар мавсӯм ба MI 5 ва созмони ҷосӯсии ситоди иртибототи давлатӣ ( GCHQ ) онҳоро зери назар гирифтаанд.
Ин ду нафар дар соли 2018 ва дар ҳоле ки дар бораи як қатли ом дар замони даргирии минтақаи Ирландияи шимолӣ кор мекарданд, боздошт шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, иқдоми созмонҳои амниятӣ ва полиси ин кишварро дар ҷосӯсӣ аз онон дар Ирландияи шимолӣ ва шаҳри Дурҳам ( Durham ) ғайриқонӯнӣ донистанд .
Рӯзномаи Гардиян фош кард суҳбатҳои Берри Маккаферей ,ки дар соли 2013 машғӯли баррасии фасод дар неруи полиси Ирландияи шимолӣ буд, ба сурати ғайриқонӯнӣ шунида ва забт шудааст .
Маккаферей дар вокуниш ба ин мавзӯъ гуфт, ки давлати Британия хабарнигоронро душман арзёбӣ мекунад .
Ин хабарнигори аршади торнамои Detai ҷосӯсии полису созмонҳои амниятии Британия аз хабарнигоронро « кашфи такондиҳанда » номид, ки пас аз даҳ сол ошкор мешавад .
Ҷосӯсии ниҳодҳои амниятӣ дар Британия фақат ба дохили ин кишвар хатм намешавад ва моҳияти фаромарзӣ ҳам дорад; ба тавре ки Ричард Мур-раиси Хадамоти иттилооти махфии Британия мавсӯм ба MI6 дар изҳороти бесобиқа аз русҳо хост бо ҳадафи ончӣ ки вай поёни ҷанги Украина донист, алайҳи Маскав ҷосӯсӣ кунанд.