Декабр 03, 2020 22:32 Asia/Dushanbe
  • Барои се даста аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имкони гузар аз марзи ду кишвар фароҳам шудааст
    Барои се даста аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имкони гузар аз марзи ду кишвар фароҳам шудааст

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ахиран убур аз марзҳои худро барои донишҷӯён ва бархе дигар аз шаҳрвандони ду кишвар муҷоз донистанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, бинобар тавофуқи Душанбе ва Тошкент, донишҷӯёни тоҷик ва ӯзбек ки дар донишгоҳҳо Тоҷикистон ё Ӯзбекистон таҳсил мекунанд, иҷозати сафар ба кишвари мақсадро доранд. 

Донишҷӯён ҳангоми убур аз марзҳои ду кишвар бояд гузарнома, корти донишҷӯӣ ва гувоҳномаи олуда набудан ба вируси каронаро ,ки камтар аз 72 соат қабл аз гузар аз марз дарёфт кардаанд ба ҳамроҳ дошта бошанд.

Илова бар ин дар чорчӯби тавофуқ, марзи ду кишвар барои касоне, ки хонаводаи онҳо дар кишвари мақсад сукунат дорад, боз хоҳад буд.

Ин даста аз шаҳрвандон низ барои убур аз марз бояд дар канори гузарнома, санади издивоҷ ва таваллуди фарзандон, гувоҳномаи олуда набудан ба вируси коронаро, ки камтар аз 72 соат қабл аз гузар аз марз дарёфт кардаанд ҳамроҳ дошта бошанд. 

Гурӯҳи саввуми афроди муҷоз ба убур аз марзи ду кишвар низ он даста аз шаҳрвандони тоҷик ва ӯзбек ҳастанд, ки номаи катиби аз штабҳои кишварии муқобила бо короноии ду кишварро дошта бошанд.

Барчасп