Октябр 14, 2016 21:14 Asia/Dushanbe
  • Ҷорӣ шудани маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик

Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, рӯзҳои наздик маҳдудияти интиқоли барқ дар манотиқи Тоҷикистон ҷорӣ мегардад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинон мегӯянд, аллакай рӯзи дуввум аст, ки маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Ба гузориши "Тоҷнюс", Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" ҷорӣ шудани маҳдудияти барқро рад карда гуфтааст, "мумкин аст рӯзҳои наздик шурӯъ шавад".

Аммо сокинони чанде аз манотиқи Тоҷикистон эълом кардаанд, ки аз дирӯз, 13-уми октябр маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" қатъ шудани интиқоли барқро ба гузаронидани корҳои омодагии пеш аз фасли зимистон рабт додааст.

Тирамоҳи соли гузашта маҳдудияти интиқол барқ ба аҳолии Тоҷикистон расман аз 19-уми октябр ҷорӣ шуда буд. Ҳарчанд сокинон ҳанӯз аз 1-уми октябр аз қатъ шудани барқ шикоят доштанд. Масъулини "Барқи тоҷик" он вақт гуфта буданд, ин тасмим дар пайи сард шудани ҳаво ва кам шудани резиши оби дарёи Вахш гирифта шудааст.

Барчасп