Чаро андози роҳ дар Тоҷикистон лағв намешавад?
(last modified Sat, 05 Dec 2020 07:31:30 GMT )
Декабр 05, 2020 12:31 Asia/Dushanbe
  • Камбуди манобеи молӣ сабаб шудааст андози роҳ дар Тоҷикистон ҳамчунон дарёфт шавад
    Камбуди манобеи молӣ сабаб шудааст андози роҳ дар Тоҷикистон ҳамчунон дарёфт шавад

Вазири собиқи нақлиёти Тоҷикистон дар бораи лағв нашудани дарёфти андоз аз роҳҳои ин кишвар, ки мебоист аз соли 2017 иҷро мешуд, тавзеҳ дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Олимҷон Бобоев, вазири собиқи нақлиёт ва намояндаи пешини маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон гуфтааст, ки далели мухолифати ҳукумату порлумон бо тарҳи лағв дарёфти андоз аз роҳҳои кишвар камбуди манобеи моли аст.

Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2017 тасмим гирифта буд дарёфти андоз аз роҳҳоро лағв кунад, аммо ин иттифоқ ҳанӯз на афтода ва порлумони Тоҷикистон ҳар соли ин муддатро тамдид мекунад, ки дар буҷети соли 2021 низ ин мавзӯ такрор шуд.

Бобоев дар ин маврид мегӯяд: «Андоз барои истифодабарандагони роҳ ҳар сол тақрибан 400 миллион сомони фоида меорад ва ин миқдори хеле калон аст, қариб ба 2% ММД баробар аст.»

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ахиран бар асоси пешниҳоди ҳукумат дарёфти андоз аз роҳҳо дар буҷети соли 2021-ро тасвиб кард.

  

БЕШТАР БИХОНЕД: