Феврал 20, 2024 12:37 Asia/Dushanbe
  • Маъмурони гумруки Тоҷикистон таҳти таъқиб!

Соли гузашта ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон 12 корманди Кумитаи гумрукро таҳти таъқиб қарор доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Хуршед Каримзода, раиси Кумитаи гумрук  бо эъломи ин хабар афзуд : Чанд маъмури гумрук ба далели қонуншиканӣ дар соли гузашта таҳти таъқиб қарор гирифтанд.

 Вай гуфт: Замоне, ки маводи мухаддир ҷо ба ҷо мешавад, коркунони навбатдор ба далели саҳлангорӣ посухгӯ хоҳанд буд.

 Вай афзуд, ки гоҳе маводи мухаддире, ки тавассути гумрукоти Тоҷикистон пайдо намешавад, дар Узбакистон, Қазоқистон ва Русия кашф мешавад.

 Дар айни ҳол ба гуфтаи Каримзода, тайи соли гузашта беш аз 40 нафар аз коркунон бо муҷозотҳои интизомӣ, аз ҷумла огоҳиномаи шадид рубару шуданд.

 Вай эътироф кард, ки камбудиҳо дар гумрукот вуҷуд дорад ва мудирият талош хоҳад кард, то аз онҳо ҷилавгирӣ кунад.

 

Барчасп